Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон дар ҳимояи муҳоҷиронаш


25-уми феврал дар шаҳраки Қучқоротаи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон садҳо нафар дар тазоҳуроте дар маросими ҷанозаи Тоҳир Ҷаркинбоеви 28-сола ширкат ҷустанд. Як ҳафта пеш сартарошидаҳои рус вайро дар Русия ба қатл расониданд ва ҷасади вайро аз Русия барои ба хок супурдан ба ватанаш оварданд.

Ба ин тартиб, аз оғози соли ҷорӣ дар Русия 8 нафар муҳоҷирони кории қирғиз кушта шуданд. Дар Қирғизистон ин кушторҳо хашми баъзе аз қишрҳои ҷомеъаро ба бор овард. Ба нишонаи эътироз бар зидди ин кушторҳо 22-юми феврал намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоъии Қирғизистон дар майдони Ғалабаи Бишкек даст ба тазоҳуроти эътирозӣ заданд ва дар поёни тазоҳурот ба самти сафорати Руссия дар Бишкек ва баъд аз тазоҳурот ба суи бинои порламони кишвари худ раҳпаймоӣ анҷом доданд. Динора Ашурахунова - раиси эътилофи нируҳои демократии ҷомеъаи шаҳрвандии Қирғизистон 25-уми феврал яке аз созмондиҳандагони ин тазоҳурот ва раҳпаймоии Бишкек буд. Динора дар суҳбати телефонӣ ба мо гуфт:

"Мо на танҳо дар бораи қатли 8 қирғизе, ки дар Маскаву Санкт Петербург кушта шуданд, суханронӣ кардем, балки умуман дар бораи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия суҳбат кардем. Мо медонем, ки ба ҷуз аз қирғизҳо дар Русия садҳо-садҳо ҳазор муҳоҷирони кории кишварҳои дигар, аз ҷумла тоҷикон, узбакҳо, қазоқҳо, укроинҳо, белорусҳо кор мекунанд. Онҳо хеле зиёданд".

Баъд аз ин тазоҳурот ва раҳпаймоӣ порламони Қирғизистон ба порламони Русия паём ё муроҷеътномаи расмӣ фиристод ва аз он дархост кард, ки ба парвандаи ин кушторҳо расидагии ҷиддӣ сурат бигирад ва омилони куштор ба сазои аъмоли худ бирасанд. Эмил Ниёзов - сухангуи порламони Қирғизистон дар ин бора чунин гуфт:

"Ин нома ба нишонии Гризлов - раиси Думои Давлатӣ ва Миронов - раиси Шурои Федеросиюн фиристода шуд. Порламони Қирғизистон аз мавориди куштори шаҳрвандони кишвараш дар шаҳри Маскав ва афзоиши чунин ҳодисаҳо амимқан изҳори ташвиш ва нигаронӣ мекунад. Порлумони Қирғизистон аз Думои Давлатӣ ва Шурои Федеросиюн дархост мекунад, ки барои таъмини амнияти шаҳрвандони кишвари мо, ки дар қаламрави Русия ба сар мебаранд, тадобири зарурӣ андешад ва расидагӣ ба ин ҷиноятҳоро зери назорати вижаи худ бигирад".

Дар Қирғизистон пойгоҳи нируҳои ҳавоии Русия мустақар аст. Мелисбек Мирзахматов - намояндаи порламон ва узви ҳизби Оқ Жул, яъне аз ҳизби ҷонибдори раиси ҷумҳур ҳамон рузҳо ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс изҳор дошт, ки агар куштори шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия ҳамчунон идома ёбад, дар он сурат Қирғизистон бояд масъалаи хуруҷи пойгоҳи низомии Русия аз қаламрави Қирғизистонро баррасӣ кунад.

Дар Русия шумораи зиёди муҳоҷирони кории тоҷик низ аз дасти сартарошидаҳову бегонаситезони Русия ба қатл мерасанд.

Абдуллоҳ Сатторӣ - раиси Иттиҳодияи Тоҷикистони Русия гуфт, аз аввали соли ҷорӣ то ҳол шумораи шаҳрвандони кушташудаи Тоҷикистон ба бист нафар мерасад.

Дар як суҳбати телефонӣ аз Шодӣ Шабдолов - узви порламони Тоҷикистон пурсидам, оё порламон ё ҳукумати Тоҷикистон низ метавонад мисли порламони Қирғизистон паём ё муроҷеъатномае ба мақомоти зидахли Русия бифиристад? Оқои Шабдолов дар посух гуфт, дар гузашта ҷониби Тоҷикистон ин корро кардааст ва ҳоло зарурате барои ин кор вуҷуд надорад:

"Масъалаи бисёр ҷиддист. Вале мо ин ибтикоррро барвақттар кардем. Ин масъалаҳоро бардошта будем, ба таври расмӣ дар сатҳи парламент. Созишномаи расмии байни давлати Русия ва Тоҷикистон дар сатҳи раисони ҷумҳури ду давлатамон ва протоколи расмӣ байни парламенти Русия ва парламенти Тоҷикистон дар ин робита вуҷуд дорад. Ман фикр мекунам, ки боз инро ба таври алоҳида аз нав боз бардоштан зарур нест".

Аммо Ҳокимшоҳи Муҳаббат - таҳлилгари тоҷики муқими Маскав дар ин бора назари дигар дорад:

"Органҳои дахлдор, порламони Тоҷикистон ва раҳбарияти Тоҷикистон, хусусан раиси ҷумҳурӣ нисбат ба ксенофобия дар Русия, яъне бадбинии шаҳрвандони дигар кишварҳо бояд қарорҳои ҷиддитаре қабул мекарданд, то ки пеши роҳи скинҳедҳо гирифта мешуд. Вақтҳое ахир мебинем, ки одамони зиёде аз дасти ин гуруҳ, шаҳрвандони Қирғизистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои муштаракулманофеъ зарар мебинанд".

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сафи бекорон ба миллионҳо нафар мерасад ва эҳтимол дорад, ки соли ҷорӣ шумораи муҳоҷирати корӣ аз ин кишварҳо, ба вижа аз Тоҷикистон ба Русия афзоиш ёбад. Ба ин далел мумкин аст, масъалаи таъмини амният ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар Русия ба яке аз масъалаҳои муҳими муносиботи миёни ин кишварҳо табдил ёбад.

XS
SM
MD
LG