Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Интернет эҳтиёт бошед!


Тақрибан ҳар рӯз дар муддати чанд соат ҳар ҷавони аврупоӣ аз Интернет истифода мекунад, дар сайтҳои мухталиф мечархад, ҳар гуна маълумоти зарурӣ ва гоҳо тасодуфиро дастрас карда шояд ҳам баъдан онро дар миёни ҳамсолони дигараш тақсим кунад. Аммо то куҷо ҳар корбари Интернет метавонад мутмаин бошад, ки ҳамеша ба маълумоти амну бехатар ва иттилои бидуни хушунату зӯроварӣ дастрасӣ дорад?

Маҳз ҳамин нигарониҳо сабаб шуд, ки ҳар сол моҳи феврал дар ҷаҳон Рӯзи бехатарии Интернет таҷлил мешавад. Гузашта аз ин, Кумиссиюни Аврупо ду соли пеш барномаи вижаи Интернети бехатарро барои наврасони 11 то 17-сола роҳандозӣ кард. Ин барнома бо буҷаи 45 миллион Евро дар назар дорад, ки тавассути шарҳу тафсир ва иттилоърасонӣ насли наврасро аз дастрасӣ ба маълумоти хатаровар ҷилавгирӣ кунад.

Ҷаннис Ричардсон, ҳамоҳангсози барномаи Safer Internet мақарраш дар Бруссел аст. Вай мегӯяд, кори онҳо аз таъмини амнияти интернетӣ ва таблиғи интернети бехатар, коромад ва ахлоқӣ мебошад. Дар сӯҳбат бо барномаи Ояндасоз вай гуфт:

"Ба андешаи ман хатарҳои мавҷудаи интернетӣ ҳамонеанд, ки дар ҷаҳони воқеӣ ҳам мавҷуданд. Яке аз хатарҳои аслӣ барои наврасон ин аст, ки зимни истифодаи интернет онҳо марзи миёни ҷаҳони воқеиву сохтаро убур мекунанд, онҳо намедонанд, ки бо чӣ касе дар тамос ҳастанд, ва инчунин онҳо маълумоти хеле зиёди хусусиро метавонанд беандеша дар интернет гузоранд. Ин паҳлӯи масъала мавриди таваҷҷӯҳи аслии мо қарор мегирад, ки ба насли наврас бифаҳмонем, ки айнан мисли ҷаҳони воқеӣ шумо наметавонед ба нафари ношинос дар бораи худ маълумот диҳед".

Имрӯз дар саросари Аврупо тибқи арзёбиҳои мухталиф дар ҳудуди 80 то 90 дар сади ҷавонҳо ҳар рӯз чанд соат аз Интернет истифода мекунанд.

Хонум Ричардсон афзуд, ки дар баробари ҷилавгирии ҷавонҳо аз пахши маълумоти шахсиашон барномаи онҳо мехоҳад наврасонро дар рӯҳияи эҳтироми шахсӣ ва ахлоқии худ тарбия кунад. Масалан, мегӯяд вай, ҳоло бисёр мӯд шудааст, ки ҷавонҳо худро дар ҳар гуна нишастҳову шабнишиниҳои пурсару садо ба навор гирифта ин наворҳоро дар Интернет ҷо диҳанд. Аммо фардо, вақте онҳо ҷӯёи кор ба як ташкилот муроҷиат мекунанд, масъулини корхона метавонанд онҳоро тавассути Google дар як ҳолати ношоиста дарёбанд ва ин ҳодиса монеъи пешрафти иҷтимоии онҳо мешавад. Аммо то куҷо тадбирҳои мазкур метавонанд озодии баён дар Интернетро маҳдуд кунад, мепурсем аз масъули барномаи амнияти интернетии Комиссиюни Аврупо. Вай гуфт:

"Озодии баён муҳимтарин бахши ҳуқуқи инсон, мисли ҳуқуқ ба зиндагӣ ва кору тафреҳ дар муҳити амн мебошад. Дар айни замон, пӯшида будани ҳаёти шахсӣ низ як ҳаққи инсон аст. Ва ин ҳамон тавозуне мебошад, ки ҷавонҳо бояд барои худ пайдо кунанд. Онҳо бояд бидонанд, ки қабл аз ироаи маълумоти хусусӣ ба нафари дуюм бояд ду бор фикр кунанд".

Вай гуфт, давлатҳои ҷаҳони сеюм имконияти ошноӣ ва омӯзиши таҷрибаи аврупоиҳоро дар ин замина доранд, то ки ба пешрафти солим даст ёбанд. Барномаи Интернети бехатари Комиссиюни Аврупо дар 24 давлат роҳандозӣ шуда, инчунин дар нуқоти дигари олам - мисли Ховари Миёна дар шакли барномаҳои ҷудогона амал мекунад. Моҳи март як Форуми ҷавонҳо барои Интернети амн дар Лондон баргузор мешавад, ки роҳҳои ҷилавгирӣ аз хатарҳоро дар ҷараёни истифодаи Интернет баррасӣ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG