Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА аз раҳоии муваққати Казулин хушҳол аст


Вашингтон раҳоии муваққати раҳбари мухолифини Беларусро хуш пазироӣ намуда, афзудааст, ки агар мақомоти Минск ҷонибдори беҳбуди равобит бо ИМА бошанд, бояд раҳоии Аляксандр Казулинро доимӣ кунанд.
Рӯзи сешанбе мақомоти Минск Казулинро ба муддати се рӯз аз зиндон раҳо намуданд, то ӯ дар маросими дафни ҳамсараш, ки рӯзи шанбе аз саратон ба ҳалокат расид, ширкат варзад. Казулинсоли 2006-ум бо ҷурми ташкили гирдиҳамоиҳо бар зидди эътирофи пирӯзии Аляксандр Лукашенко дар интихоботи президентии Беларус ба муддати панҷу ним сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
XS
SM
MD
LG