Пайвандҳои дастрасӣ

Кишварҳои Балкан истиқлоли Косоворо баҳс мекунанд


Дирӯз Булғористон изҳор намуд, ки ҳафтаи равон вазирони корҳои хориҷии кишварҳои нимҷазираи Балкан дар шаҳри София вохӯрда, таҳкими ҳамкориҳо ва ихтилоф дар масъалаи соҳибистиқлолии Косоворо баррасӣ мекунанд. Муовини вазири корҳои хориҷии Булғористон Любомир Кучуков гуфт, дар нишаст вазири корҳои хориҷии Сербия Вук Еремич низ ҳузур хоҳад дошт.
Сарпарастии ин гуфтушунидро, ки рӯзҳои чоршанбеву панҷшанбе доир мешавад, созмоне бо номи Раванди Ҳамкории Аврупои ҷанубу шарқӣ бар ӯҳда дорад .Ҳайъати Косоворо намоядагони идораи муваққати СММ таҳти раҳбарии ҳамоҳангсози паймони таҳкими назму субот ва раиси Утоқи тиҷорӣ Бесим Бақаҷ ташкил хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG