Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ амалиёти низомии Туркияро маҳкум кард


Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз фиристодаи Туркия барои мулоқот бо раҳбарони Ироқ ба Бағдод меравад.
Рӯзи сешанбе Ироқ амалиёти низомии Туркия бар зидди ошӯбгарони курд дар шимоли Ироқро маҳкум намуда, талаб кард, ки "поймолкунии истиқлолаш" хотима ёбад.
21-уми феврал ҳазорҳо сарбози артиши Туркия ба манотиқи кӯҳии шимоли Ироқ барои маҳви пойгоҳҳои ошӯбгарони ҳизби коргарии Курдистон фиристода шуданд. Ҳизби коргарии Курдистон барои мухторияти манотиқи курднишини ҷанубу шарқи Туркия мубориза мебарад.
Дар шаҳри Бағдод ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон Алӣ Ад-Даббоғ сухангӯи ҳукумати Ироқ гуфт:
"Ҳукумат дахолати низомии Туркияро рад ва маҳкум мекунад. Ин амал поймол намудани истиқлоли Ироқ аст."
Ад-Даббоғ афзуд, рӯзи сешанбе фиристодаи Туркия бо президенти Ироқ Ҷалоли Толабонӣ, ки аслан курд аст, ва рӯзи чоршанбе бо вазири корҳои хориҷии Ироқ Ҳушёр Зебарӣ дар Бағдод дидору гуфтугӯ дошт.
Дар Анкара сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз амалиёти низомии артиши кишвараш дар шиолми Ироқ дифоъ намуда, таъкид кард, ки Туркия ҳақ дорад, худро аз ба истилоҳ "террористон" ҳимоят намояд.
Эрдуғон бори дигар ваъда дод, ки сарбозони Туркия ба зудтарин фурсати имконпазир ба ватанашон бармегарданд.
Фармондеҳони артиши Туркия мегӯянд, то кунун беш аз 150 ошӯбгари курд ва 19 сарбози турк ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG