Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо аҳдномаи Босниро моҳи апрел имзо карданист


Раиси комиссиюни тавсеаёбии Иттиҳодияи Аврупо Олӣ Рейн гуфт, ки Комиссиюни Аврупо интизор дорад, қарордоди эҷоди равобити наздиктар бо Боснияро моҳи апрел ба имзо расонад. Аммо оқои Рейн илова кард, ки қарордоди мазкур танҳо дар сурате баста мешавад, ки Босния қонунҳои заруриро дар робита бо фаъолияти полис ба имзо расонад. Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки ислоҳот дар низоми полис шарти аслиест, ки дар баробари Босния дар роҳи пазируфта шуданаш ба ҳайати ин ниҳод гузошта мешавад. Рейн ва мақомоти Босния барои қабули ин аҳдонома моҳи декабр изҳори омодагӣ нишон доданд, аммо Иттиҳодияи Аврупо бо талаби роҳандозии ислоҳоти низоми полис ҳанӯз аз тасвиби он худдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG