Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ва силоҳи ҳастаӣ. Месозад ё намесозад?


Бар хилофи гузориши муштараки дар моҳи декабр нашршудаи ниҳодҳои истихборотии Амрико, ки мегуфт, Эрон ғолибан барномаҳои махфии сохтани силоҳҳои ҳастаияшро соли 2003 бас кардааст, асноди ахири расида ба Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ ҳокист, ки Теҳрон эҳтимолан бар ин навъ фаъолиятҳояш баъдан ҳам идома медод.

Рон Зинович


Асноди ахири асосан иборат аз слайдҳоро ба Шӯрои ҳуккоми ожонси назорати нирӯи ҳастаӣ Оллӣ Ҳейнонен, масъули умури амниятии ин созмон муаррифӣ кард.

Саймон Смиф, сафири Бритониё дар ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ гуфт, ин аснод аз манобеъи мухталиф ба даст омада, аз ҷумла тарҳи кулоҳакҳои ҷангии ҳастаӣ, тарзи амал ва шеваи насби ин кулоҳакҳо дар мушакҳоро дар бар мегирад.

Алиасғар Султония, сафири Эрон дар ин созмон аммо асноди ахирро ҷаълӣ хонда, башиддат рад кардааст. Муҳаммад Хазоӣ, сафири Эрон дар СММ мухолифини Ҷумҳурии исломиро ба ироаи асноди ҷаълӣ ба Вошингтон айбдор карда, ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки Вошингтон ин асноди ғайри қобили эътимодро аз созмони мавсум ба Муҷоҳидини халқ дарёфт кардааст.

Созмони Муҷоҳидини халқ бо давлати вақти Саддом Ҳусейн дар Ироқ ҳамкорӣ дошт ва аз сӯи Эрону Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ҳамчун гурӯҳи террористӣ шинохта шудааст. Аммо ин ки оё дар воқеъ як манбаъи маълумоти ахир пиромуни фаъолиятҳои ҳастаии Эрон созмони Муҷоҳидини халқ будааст ё хайр, ҳанӯз хабаре тасдиқношудааст.

Ин дар ҳолест, ки Муҳаммад Муҳаддисин, як мақоми баландпоя дар эътилофи гурӯҳҳои мухолифини эронӣ, мавсум ба Шӯрои миллии муқовимат гуфта, ки асноди марбут ба фаъолиятҳои ҳастаии Эронро ба ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ ҳамин гурӯҳ супурдааст. Ин эътилоф аз ҷумла созмони Муҷоҳидини халқро низ фаро мегирад. Муҳаммад Муҳаддисин гуфтааст, асноди супурдаи онҳо ҳокист, ки режими Эрон барномаҳои сохтани таслиҳоти ҳастаиро баъди соли 2003 нафақат идома, балки суръат низ додааст. Ба гуфтаи вай, ин аснод аз ҷумла ҳокии бидуни тардиди идомаи чунин фаъолиятҳо дар корхонаи ҳастаии Хуҷир, воқеъ дар канораи ҷанубу шарқии Теҳрон будааст. Муҳаддисин ба Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, агар ҳарфҳои режими Эрон дар ин маврид, ки фикри сохтани силоҳҳои ҳастаиро дар сар надорад, самимона бошанд, бигзор дарҳои корхонаи Хуҷирро ба рӯи нозирони ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ боз кунад.

Муаррифии асноди ахир дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳафтаи гузашта ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ дар гузориши наваш изҳор дошт, ки Эрон пиромуни барномаҳои эълонкардаи ҳастаияш назар ба гузашта шаффофияти бештар намоиш медиҳад. Аммо мудири ин ожонс Муҳаммад ал-Бародай ҳамчунин гуфт, Эрон ҷиҳати рафъи нигарониҳои мавҷудаи байналмилалӣ дар бораи барномаҳои махфӣ ва эълоннашудаи ҳастаии он кишвар ба қадри кофӣ амал намекунад.

Матбуоти давлатӣ дар Эрон асосан рӯи таҳсинҳои ба Эрон хондаи Муҳаммад Бародай тамаркуз карда, вале тақозои ӯ ба ҳамкории бештари Эронро нодида гирифтааст.

Арзёбии натоиҷи гузориши ахири ожонси назорати ҳастаӣ аз сӯи мақомоти эрониву амрикоӣ низ зиддунақиз аст. Мақомҳои эронӣ ин гузоришро пирӯзии Теҳрон мехонанд, вале вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс гузориши ожонсро тавҷеҳе дигар барои марҳалаи севвуми таҳримоти СММ алайҳи Эрон шумурдааст. Қарор аст, раъйгирии марҳалаи севвуми таҳримот дар Шӯрои Амният ҳамин ҳафта доир шавад. Эрон, қарори маълум, тақозои Шӯрои амният дар мавриди тавқифи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш то замони рафъи гумонҳои байналмилалӣ пиромуни барномаҳои ҳастаияшро қабул накард.

Аммо раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, гузориши охирини ожонси байналмилалии нирӯи ҳастаӣ аз Эрон ҳимоят мекунад. Ӯ ҳамчунин таҳдид карда, ки кишвараш алайҳи ҳар кишваре, ки аз таҳримоти иловагии СММ бар зидди Эрон пуштибонӣ мекунад, тадобири қатъии ҷавобӣ хоҳад андешид.

XS
SM
MD
LG