Пайвандҳои дастрасӣ

Таркише дар Мосул ҷони 9 нафарро гирифт


Бар асари як таркиши интиҳорӣ, ки автобусеро дар канори шаҳри Мосули Ироқ ҳадаф қарор медод, нӯҳ нафар ҷони худро аз даст доданд. Автобус аз Мосул ба самти Сурия ҳаракат мекард ва дар дохили он 45 мусофир нишаста буд, ки ин ҳодиса рух дод. Тибқи иттилои шоҳидони айнӣ, шахси бомбгузор ронандаи автобусро водор кард, ки аз шоҳроҳи аслӣ ба самти дигар ҳаракат кунад, то ки дар роҳ ба посгоҳҳои полис рӯбарӯ нашавад. Вақте ронанда ин тақозоро рад кард, ҳамлагар бомбаи худро ба кор андохт.

XS
SM
MD
LG