Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти нахуствазири Туркия аз амалиёти артиш дар Ироқ


Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз амалиёти артиши кишвараш зидди шӯришиёни курд дар шимоли Ироқ ҳимоят кард ва гуфт, ки Туркия ҳақи ҳимояти худро аз, ба қавли ӯ, террористон дорад. Дар як мусоҳибаи телевизионӣ вай бори дигар ваъдаи ҳукуматро барои бозгардони ҳар чи зудтари нирӯҳояшон такрор кард. Нирӯҳои туркӣ рӯзи панҷшанбе 21 феврал барои муқобила бо шӯришиёни Ҳизби Коргарони Курдистон вориди хоки Ироқ кард. То имрӯз, тибқи изҳороти артиш, беш аз 150 шӯришӣ ва 17 сарбоз кушта шуданд. Ҳукумати Ироқ имрӯз ҳамлаи нирӯҳои туркиро ба хокаш чун як амали поймолкунанандаи тамомияти арзии кишвараш маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG