Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Исроил дар қазияи Катсав ба гузашт роҳ дод


Додгоҳи олии Исроил ба созиш рафта, мувофиқат кард, ки дар қазияи иттиҳоми раиси ҷумҳурии собиқи кишвар Моше Катсав барои таҷовуз ба номуси занҳои ҳамкораш ба гузашт роҳ диҳад. Ба ин тартиб, қарор шуд, ки ба хотири фирор аз маҳкумият ва ба зиндон андохта шудани рабҳари пешини кишвар, вай бояд қисме аз гуноҳҳояшро эътироф карда ба қурбониҳо ҷубронпулӣ пардохт кунад. Қазияи мазкур, ки соли гузашта рӯи об баромад, вайро водор кард ба истеъфо равад. Ин дар ҳолест, ки гурӯҳҳои муҳофизи ҳуқуқи занҳо аз чунин қарори додгоҳи олии Исроил норозӣ буда хоҳони бознигарӣ шудани он мебошанд.
XS
SM
MD
LG