Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс дар Чин Кореяи Шимоливу Эронро баррасӣ мекунад


Вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс имрӯз дар Пекин бо мақомоти баландпояи Чин мулоқот мекунад. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон баъди мулоқот бо ҳамтои чиноиаш хонум Райс гуфт, ки аз Чин хостааст тамоми нуфузи худро ба кор бурда Кореяи Шимолиро водор ба халъи силоҳи ҳастаӣ кунад. Вай гуфт, ки дар сӯҳбат бо вазири хориҷаи Чин инчунин ба зарурати қабули қатъномаи сеюми СММ барои фишор болои Эрон ба хотири ҳамкории наздикаш бо нозирони таслеҳотӣ таъкид кардааст. Қабл аз сафараш ба Ҷопон рӯзи чоршанбе, Кандализа Райс бо раиси ҷумҳурӣ ва нахуствазири Чин дидору мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG