Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезиҳои Қазоқистон мардумро бесарпаноҳ кард


Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон имрӯз гуфт, ки бар асари боронгариҳои шадид ва обхезиҳои бесобиқа дар ҷануби кишвар (ҳаммарз бо Ӯзбакистон) 12 ҳазор сокини маҳаллӣ иҷборан тарки манзилҳои зисти худ карданд. Бар асари обхезиҳои рӯзҳои охир, дар ин минтақа садҳо манзилу мактабҳо ва пулҳо зери об мондааст. Вазорат гуфтааст, ки бар асари офатҳои табийӣ дар ин минтақа дасти кам як нафар ҷони худро аз даст дод. Тибқи арзёбиҳои расмӣ, ҳудудан ду ҳазор манзил комилан хароб шудааст.

XS
SM
MD
LG