Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори панҷ афсари полис дар Афғонистон


Як мақоми афғон гуфт, ки таркиши бомбаи сарироҳӣ дар ҷанубушарқи кишвар - вилояти Хост мунҷар ба ҳалокати панҷ афсари полис шуд. Хабаргузории Ройтерс дар нақли қавл аз раиси вулусволии Сабр, маҳалли таркиш ва минтақаи ҳаммарз бо Покистон, гуфт, ки ҳамаи афсарони полис аъзои як хонавода буданд. Бино ба иттилои вай, таркиши мазкур тавассути бомбае анҷом гирифтааст, ки аз роҳи дур идора мешуд. Лутфуллоҳи Бобакхаёл бо арзи ин матлаб гуфт, ки ин кори дасти ҷангиёни Толибон мебошад.

XS
SM
MD
LG