Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқе, ки ба нафрат табдил меёбад


Рафтору одатҳои як нафар, ки замоне каси дигарро ба сӯи худ ҷазб кардаву азизаш мегардонад, бо гузашти замон одату рафтори асабонкунанда мешавад.

Пажӯҳишгарони Донишгоҳи Мичигани Амрико дарёфтаанд, ки ҷуфтҳо ҳар қадар тулонӣ бо ҳам зиндагӣ кунанд, ҳамон қадар аз ҳам талаби бештар ва ҳамон қадар ҳамдигарро бештар асабонӣ мекунанд. Аммо бо гузашти вақт, муносибот бо фарзандон ва дӯстон ҳамон қадар роҳҳаттар мешудааст.

Кира Бирдит, муҳаққиқи ҷомеашиноси Донишгоҳи Мичиган мегӯяд, ӯву ҳамкоронаш рафтору одати 800 нафар афроди синну соли гуногунро таҳқиқ ва асосан ба тамоюлҳои манфии муносибати онҳо таваҷҷӯҳ кардаанд.

Кира Бирдит ва гурӯҳи ҳамкорони ӯ дарёфтаанд, ки муносибат бо фарзандон ва дӯстон бо гузашти вақт беҳтар мешавад, чизе ки наметавон дар бораи ҳамсарон гуфт. Ба андешаи хонум Бирдит, муносибот бо дӯстон ба он хотир беҳтар мешавад, ки инсонҳо бо бузургтар шудан закитар шуда ва дарк мекунанд, ки киро бояд дӯст бипазиранд. Муносибати байни волидайну фарзанд баъд аз гузашти замони ноболиғии фарзандон тақвият меёфтааст. Ва фарзандоне, ки волидонро тарк мекардаанд, майл доштаанд, то муносиботашон бо волидон беҳтар шавад. Аммо иртиботи дорои тамоюлҳои манфии волидон ҳатто баъди тарки фарзанд низ ҳамчунон мемондааст. Иртиботи кам миёни фарзанди дур аз волидон муносибати байниҳамдигарии онҳоро хубтар мекардааст, вале ҳамроҳии наздикии ҷуфтҳо як мояи ба истилоҳ харошидани асабҳои ҳамдигар мешудааст.

Муносибати ҳамсарон шояд аз он сабаб бештар манфӣ мешавад, ки онҳо ҳар рӯз байни ҳам иртибот доранд ва бо гузашти вақт эҳсоси худро озодтар баён мекунанд.

Аммо бо ин вуҷуд ҷуфтҳо набояд аз натиҷаҳои ин таҳқиқот нигарон бошанд, мегӯяд Кира Бирдит ва меафзояд, ин пажӯҳиш баръакс дар беҳбуди равобити ҳамсарон кумак мекунад. Ба гуфтаи хонум Бирдит, агар сари масъалае бо ҳамсару азизи худ баҳс доред, онро бо роҳи фарёд задану моҷаро бардоштан ҳал накунед, балки аз масъала каме дуртар ва ором шавед, то ки мушкилӣ бе ҷанҷол ҳал шавад.

Ба гуфтаи ҷомеашиноси амрикоӣ, бо бузургтар шудан, ҳамчунин муҳим аст, на танҳо бо ҳамсари худ балки бо афроди зиёде муносиботи хуб барқарор кард.

XS
SM
MD
LG