Пайвандҳои дастрасӣ

Олимони Амрико мегӯянд, назар ба он ки пештар тасаввур мекардем, эҳтимолан дар коиноти мо сайёраҳои бисёри мусоид барои зиндагӣ вуҷуд доранд.

Бар асоси мушоҳидаҳои ахири ситорашиносони иёлати Аризонаи Амрико метавон тахмин кард, ки ситораҳои зиёди шабеҳи Офтоб, ки дар Роҳи Каҳкашон ҷойгир шудаанд, система ва манзумаҳои монанд ба системаи Офтобӣ доранд.

Ситорашиносони амрикоӣ ҳамчунин мегӯянд, ки зоҳиран дар системаи сайёраҳое, ки Замини мо низ дар ҳалқаи он аст, садҳо олами кашфношуда вуҷуд дорад. Мушоҳидаҳои баъдӣ ба гуфтаи олимон, метавонанд, тасаввури мардуми Замин доир ба ташаккули сайёраҳоро тағйир диҳанд. Тахминҳои илмии ситорашиносони амрикоӣ, дар заминаи мушоҳидаи бештар аз 300 ситорае асос ёфтааст, ки вазни онҳо баробар ба вазни Офтоб будааст.

Онҳо дар атрофи баъзе аз ситораҳои ҷавон, ҳалқаҳои нурафшони зарраҳои кайҳониро мушоҳида карданд, ки зоҳиран аз он зарраҳо сайёраҳо шакл мегиранд. Ба гуфтаи Майкл Майер, пажӯҳишгари Донишгоҳи Аризона ин зарраҳои кайҳонии доғ 3 то 300 миллион сол боз ҳаракат мекунанд ва дар ниҳоят ин ҳаракат ва баҳамхӯрдан сабаби ташаккули ҷисмҳои сахт ва дар ниҳоят сайёраҳо мешаванд.

Ҳамчунин, ба тахмини ситорашиносон, дар ҳошияҳои манзумаи офтобӣ садҳо ҷирмҳои хурди осмонӣ ва сайёраҳои яхбастае мавҷуданд, ки аз рӯи ҳаҷм баробари курраи Замини мо мебошанд. Ба гуфтаи олимони Донишгоҳи Аризонаи Амрико, шояд тасаввури мо доир ба он ки манзумаи офтобӣ иборат аз нӯҳ сайёра мебошад, хатост, зеро имкон дорад, ки дар ҳамсоягии курраи Замин садҳо ва ё ҳазорон сайёраҳои дигаре мавҷуданд, ки мо доир ба онҳо чизе намедонем.

Масалан, дар ҳалқаи Кайпе - ҳошияи манзумаи офтобӣ, дуртар аз мадори сайёраи Нептун чандин сайёраи нав кашф шудааст, ки бузургтар аз сайёраи Плутон ҳастанд. Ба гуфтаи ситорашиносони Оҷонси кайҳоншиносии Амрико - НАСА, баъзе аз ин сайёраҳо яхбаста мебошанд. Ба тахмини ситорашиносон, сайёраи Замин замоне, ки Офтоб аз 10 то 50 миллион сол дошт, бинобар бархӯрди ҷирмҳои сахти осмонӣ ба ҳам шакл гирифта ва бо гузашти миллиардҳо сол ба чунин курраи зебо ва мувофиқ барои зиндагӣ мубаддал шудааст.

XS
SM
MD
LG