Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти футболбозони ҷавони тоҷик аз Туркия


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ки тӯли ду ҳафта дар Туркия тамрин кард, ба ватан баргашт.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дастаи ҷавонони кишвар дар чаҳорчӯби омодагиҳо ба сабқати ниҳоии қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола, ки моҳи ноябри соли равон дар Арабистони Саъудӣ доир мегардад, дар Туркия се бозии санҷишӣ анҷом дод.
Футболбозни ҷавони тоҷик дар як дидор бар дастаи «Оқжайик» (Уралск)-и Қазоқистон бо ҳисоби 4:0 пирӯз гардида, дар ду бозии дигар аз дастаи Академияи футболи «Шахтёр» (Донетск, Укроин) бо натиҷаи 1:6 ва яке аз тимҳои лигаи олии футболи Қазоқистон бо натиҷаи 0:6 мағлуб гардиданд.
Ш. Давлатов иброз дошт, ки сарпарастии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба зиммаи худ гирифтааст. Бинобар ин сафари даста ба Туркия бо кумаки молиявии раисиҷумҳур анҷом дода шуд.
Ҷоми Рустам Долтабоев идома дорад
Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки марҳалаи аввали мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти Ҷоми яке аз поягузорони футболи тоҷик Рустам Долтабоев дар се минтақа – Душанбе, Хатлон ва Суғд – ҷараён дорад.

Вай афзуд, марҳалаи дувум – сабқати ниҳоии Ҷоми Р. Долтабоев – рӯзи 3-вуми март дар шаҳри Душанбе бо ширкати 8 дастаи беҳтарин, аз ҷумла 4 даста аз минтақаи Душанбе ва 2-дастаӣ аз манотиқи Хатлону Суғд дар 2 гурӯҳ шурӯъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG