Пайвандҳои дастрасӣ

Ба иттилоъи Вазорати умури дохилии Қирғизистон, дар вилояти Ӯши ин кишвар бар асари сардии ҳаво ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Қирғизистон дар ин маврид иттилоъ медиҳад, ки рӯзи якшанбе ҷасади ду сокини шаҳри Душанбе – Ҳафизови 31-сола ва Турақуловаи 28-сола – дар 700 метрии посгоҳи марзии Қарамиқи ноҳияи Олой (вилояти Ӯш) пайдо шудааст.
Бино бар таъйиди ин манбаъ, таҳқиқи тиббӣ муайян намудааст, ки дар бадани ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ягон аломатҳои фишору шиканҷа ва зуроварӣ пайдо нашудааст. Ин манбаъ ҳамчунин мегӯяд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари сардии ҳаво ҷони худро аз даст додаанд.
Гуфта мешавад, ки Ҳафизов ва Турақулова чанд рӯз муқаддам вориди вилояти Ӯши Қирғизистон шудаанд ва дар километри 6-уми ҷоддаи Қарамиқ – Олой дучори тармафароӣ шуда, аз он ҷон ба саломат бурддаанд. Дар дафтари матбуъоти Вазорати умури дохилаи Қирғизистон тазаккур додааст, ки ин мусофирон баъди фаромадани тарма мошини худро дар нимароҳ гузошта, барои аз сармои шадид наҷот ёфтан хостаанд, то посгоҳи Қарамиқ худро пиёда расонанд, вале сармои шадид ба ин мусофирони тоҷик имкон надодааст, ки боз 700 метри дигар ҳаракат карда, ба посгоҳ расанд – дуруст дар ҳамин фосила, мутаассифона, онҳо ба ҳалокат дучор шудаанд.
Нашрияи электронии «Тазар» (Қирғизистон) навиштааст, ки сармои шадид мардуми Тоҷикистону Қирғизистонро ба мушкилоти гӯшношунид мувоҷеҳ намудааст. Ба навиштаи он, махсусан буҳрони шадиди энержии барқ дар Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки адами бесалоҳиятӣ дар масоъили идораи энержии барқ чи оқибатҳои ногувор дорад. «Тазар» афзудааст, Тоҷикистон тибқи арзёбии Атласи барқи обии ҷаҳон ҷиҳати манобеъи захираҳои барқ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад ва барои ҳамин ҳам он аз рӯи нишондодҳои мутлақ, ки солона 300 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ муайян шудааст, дар ИДМ ҳатто аз Русия пеш гузаштааст. Вале, суъол медиҳад нашрияи электронӣ, чаро ин кишвар мардуми худро дар сармои сахт бидуни нерӯи барқ гузоштааст?
«Тазар» инчунин зикр намудааст, ки Тоҷикистон ба ҳар сурат кишварест, ки дар оянда метавонад, нерӯи барқи худро ба Афғонистону Эрон ва Покистон фурӯшад, аммо, дар ҳамин ҳол, яъне дар радифи чунин нақшаҳои умедбахши Тоҷикистон, ҳамсояи он Қирғизистон дар мавриди хусусигардонии ширкатҳои танзимкунандаи барқ ва ҳарос намудан аз сармоягузорони хориҷӣ кишвари ақибмондаеро мемонад.
Нашрияи электронӣ, аз ҷумла, навиштааст, ки дар ҳоле, ки Тоҷикистон ҷаҳише ба пеш карда, истиқлолияти энержии барқро ба даст овардаву ба содиркунандаи нерӯи барқ табдил ёфтанист,Қирғизистон дар марҳалаи яхбандӣ қарор дорад.
Ба навиштаи нашрияи электронии «Тазар», агар ҳоло Қирғизистон хусусигардонии ширкатҳои танзимкунандаи барқро ба роҳ намонад, аз буҳрони энержии барқ раҳо нахоҳад ёфт. «Тазар» тазаккур додаст, ки ришватхорон ҳеҷ гоҳ аз энержии барқ даст нахоҳанд кашид ва ин раванд то замоне давом хоҳад кард, ки ширкатҳои танзимкунанда ба тамом фарсуда шуда, аз байн раванд.
XS
SM
MD
LG