Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи тавлиди силоҳи атомии Эрон кай қатъ шуд?


Дирӯз Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ бори дигар санадеро намоиш дод, ки бар пояи он Эрон баъди соли 2003-ум ҳам тавлиди силоҳи ҳаставиро арзёбӣ менамуд. Хадамоти кашфи ИМА мегӯянд, ки Эрон барномаи тавлиди силоҳи ҳаставиро соли 2003-ум мутаваққиф намуд.
Дирӯз дар ҷаласаи Шӯрои мудирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ, ки пушти дарҳои баста сурат гирифт, ин масъала баҳс шуд. Баъди нишаст фиристодаи Британия Саймон Смис гуфт, баъзе ҳодисаҳо баъди соли 2003-ум низ ҷой доштаанд.
Дар гузориши хадамоти амнияти миллии ИМА, ки дар поёни соли 2007-ум ба табъ расид, гуфта мешавад, ки эрониҳо барномаи тавлиди силоҳи ҳаставиро дар соли 2003-ум мутаваққиф намудаанд.
XS
SM
MD
LG