Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби қатъи гирдиҳамоии мухолифин дар Арманистон


Мақомоти Ереван аз мухолифин даъват кардаанд, ки эътирозҳои рӯзмарра ба натиҷаи интихоботи президентии Арманистонро хотима бахшанд. Бар пояи ҳисоби расмӣ дар интихоботи 19-уми феврал сарвазири Арманистон Серж Саркисян пирӯз шудааст. Вале мухолифин ҳар рӯз ҷамъомадҳои бузург ташкил намуда, аз эътибор соқит кардани натиҷаи интихоботро талаб мекунанд. Дирӯз дар гирдиҳамоии мухолифин наздик ба 15000 нафар иштирок карданд. Тақрибан 20 эътирозгар дар Майдони Озодии Ереван хайма бунёд намуда, шабонарӯзӣ майдонро тарк намекунанд.
XS
SM
MD
LG