Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбонии сартарошидаҳо дар Қирғизистон дафн шуд


Дирӯз садҳо нафар дар маросими дафни муҳоҷири кории қирғиз, ки гуфта мешавад, ҳафтаи гузашта аз тарафи сартарошидаҳо дар Маскав ба қатл расида буд, иштирок намуданд.
Тоҳир Ҷаркинбоев дар зодгоҳаш шаҳри Қочқоротаи вилояти Ҷалолобод ба хок супурда шуд. Як ҳафта пеш аз он ҳам дар ҳамон вилояти Қирғизистон муҳоҷири дигари қирғиз дафн шуда буд. Тибқи иттилои расида ӯро ҳам дар Русия сартарошидаҳо ба қатл расонда буданд.
Рӯзи ҷумъаи гузашта парламенти Қирғизистон аз ҳар ду маҷлиси парламенти Русия талаб карда буд, ки мушкили бегонаситезӣ ва ҳамлаҳои нажодӣ болои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русияро ҳал намоянд.
XS
SM
MD
LG