Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинӣ - алайҳи қонуншиканӣ дар Беларус


Волга ва Юлия, духтарони А. Козулин озодии падарашонро талаб мекунанд
Волга ва Юлия, духтарони А. Козулин озодии падарашонро талаб мекунанд

Александр Козулин, яке аз раҳбарони зиндонии нерӯҳои мухолифини Беларус, баъди аз сӯи масъулини зиндон рад шудани дархосташ ҷиҳати ширкат дар маросими дафни ҳамсараш гуруснанишинӣ эълон кард.

Игор Ринкевич, собиқ вакили мудофеъи Козулин, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷанозаи хонуми Александр Козулин ба рӯзи сешанбе муқаррар шудааст ва аммо пайвандони марҳум эълом доштанд, ки маросимро бидуни ширкати Александр Козулин баргузор нахоҳад кард.
А. Козулин гуфтааст, ки, агар ба додаш нарасанд, омода аст, то аз дунё даргузаштан гурусна нишинад ва ӯро ҳамроҳ бо хонумаш ба хок супоранд. Ба гуфтаи табибон, ҳангоми гуруснанишинӣ бо парҳез ҳатто аз об кас аз як ҳафта бештар зиста наметавонад.
Қавонини Беларус ба зиндониён иҷоза додааст, ки ҳангоми даргузашти яке аз пайвандонашон барои чанд рӯз аз маҳбас озод шаванд. Ва аммо раиси маҳбаси шаҳри Витебск, ки Александр Козулин инҷо зиндонист, изҳор дошт, Козулин дар чанд қонуншикании дохилимаҳбасӣ айбдор шудааст ва, аз ин рӯ, бидуни иҷозаи мақомоти расмии кишвар имкони берун шудан аз дарвозаи маҳбасро надорад.
Бо вуҷуди ин мақомоти Беларус бояд ба арзи духтарони Козулин Волга ва Юлия, ки ширкати падарашон дар маросими ҷанозаро тақозо кардаанд, посух гӯянд.
Игор Ринкевич мегӯяд, аҳли хонаводаи Козулин умедворанд, ки оқибат ба ӯ иҷозаи ширкат дар ин маросими мотам дода мешавад. Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ афзуд, ки “одамони зиёде аз вилоятҳо телефон мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо омодаанд барои ибрози эътирози сиёсӣ ба пойтахт раванд». Вале, афзуд ӯ, мо онҳоро мутмаин месозем, ки ин корро накунанд, зеро бовар дорем, ки мақомот аз хирад кор гирифта қонунро риоя мекунанд ва Александр Козулин барои дидор бо хонаводааш имкон пайдо хоҳад кард.
Александр Козулин, соли 2005
Александр Козулин ду сол пеш аз довталабони курсии раиси ҷумҳури Беларус буд ва аммо баъд аз интихоботи президентӣ мақомоти кишвар ӯро дар ташкили тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ муттаҳам ва барои панҷуним сол маҳкум ба зиндон карданд.
Ҷонибдорони Александ Козулин ба сарнавишти ӯ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд, зеро акнун ӯ охирин маҳбуси сиёсӣ дар Беларус аст, ки бо вуҷуди эътирози ҷомиъаи ҷаҳонӣ ва маризияш дар маҳбас боқӣ мемонад.
Тайи чанд ҳафтаи ахир мақомоти Белорус ғайриинтизор 6 маҳбуси сиёсӣ – тоҷирон Юрий Лявоно ва Михаил Отухович, фаъолони ҷавони нерӯҳои мухолифин Артур Финкевич ва Змитсер Дашкевич, хабарнигор Александр Здвижков ва сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Андрей Климайро – афв карданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои аврупоӣ аз мақомоти Беларус, ки чун охирин диктатураи Аврупо арзёбӣ мешавад, тақозо доранд, то ҳама маҳбусони сиёсиро раҳо кунад ва ба фишор болои мухолифин ва нашрияҳои мустақил хотима гузорад. Аз сӯи дигар, интизор аст, ки Александ Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, ӯро барои аз маҳбас раҳо кардани шаш тан аз дигарандешон ситоиш хоҳанд кард. Баъди афви 6 маҳбус Лукашенко изҳор дошт, ки “акнун Иттиҳодияи Аврупо ниятҳои неки ӯро қард хоҳад кард”.
XS
SM
MD
LG