Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Талъат ба музокироти тундтар дар Қибрис


Меҳмед Алӣ Талъат, раҳбари туркҳои Қибрис аз раисиҷумҳури тозамунтахаби Қибрис Деметрис Чистофиас даъват кард, музокирот ба хотири ҳамоиши дубораи бахшҳои аз соли 1974 инҷониб таҷзишудаи туркнишин ва юнонинишини Қибрисро суръат бубахшад.

Ду раҳбар қаблан дар мавриди мулоқот бо ҳамдигар тавофуқ карда буданд, вале Талъат гуфт, таърихи ин дидор ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Иттиҳодияи Аврупо, ки қисмати юнонии Қибрисро ба узвияти худ пазируфтааст, низ аз Чистофиас даъват карда, ки фурсати муносиб барои хатми ҷудоиҳоро аз даст надиҳад.

XS
SM
MD
LG