Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аврупо хостори раҳоии Козулин шуд


Александр Козулин, раҳбари зиндонии мухолифини Беларус баъди радд шудани дархости ӯ барои ширкат дар маросими дафни ҳамсараш, эълони гуруснанишинӣ кардааст.

Игор Ринкевич, вакили мудофеъи хонаводаи Козулин гуфт, маросими дафни ҷанозаи Ирина Козулина, ки 2 рӯз пеш аз бемории саратон даргузашт, ба рӯзи сешанбе муқаррар шудааст, вале хешовандонаш тасмим гирифтаанд, ки ин маросимро бидуни ширкати Александр Козулин барпо накунанд. Кумисарри равобити берунаи Иттиҳодияи Аврупо Бенита Ферреро-Волднер имрӯз аз мақомоти Беларус хост, Александр Казулинро озод карда, ширкати ӯ дар маросими дафни ҳамсарашро иҷоза диҳанд.

XS
SM
MD
LG