Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8,3 миллион доллар тақозои кӯмак барои Тоҷикистон


Барномаи ғизои СММ аз ҷомиъаи байналмилалӣ барои садҳо ҳазор мардуме, ки дар ин зимистони шадид дар Тоҷикистон ба иллати болоравии қиматҳо ба камбуди ғизо рӯбарӯ шудаанд, ба маблағи 8 300 000 доллар кӯмаки иловагӣ дархост кардааст. Ин тақозои Барномаи ғизо ҷузъе аз 25 миллион доллар кӯмакҳоест, ки СММ барои Тоҷикистон дархост карда буд.

Барномаи ғизо гуфтааст, ин кӯмаки иловагиро ба хотири таъмини тақрибан 200 000 нафари осебпазир, ки умдатан дар русто ба сар мебаранд, истифода хоҳад кард. Созмонҳои ғайридавлатии марбут ба Барномаи ғизо низ, қарор аст, боз ба тақрибан 60 000 нафари дигар кӯмак бирасонанд.

XS
SM
MD
LG