Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Козулин эълони гуруснанишинӣ кардааст


Александр Козулин, яке аз раҳбарони аршади мухолифини Беларус, ки дар зиндон ба сар мебарад, баъди ин ки мақомоти маҳбас ширкат дар маросими дафни ҳамсарашро ба ӯ иҷозат надоданд, эълони гуруснанишинӣ кардааст. Игор Ринкевич, вакили мудофеъи хонаводаи Козулин гуфт, маросими дафни ҷанозаи Ирина Козулина ба рӯзи сешанбе муқаррар шудааст, вале хешовандонаш тасмим гирифтаанд, ки ин маросимро бидуни ширкати Александр Козулин барпо накунанд.

Ирина Козулина ахиран дар синни 49 дар асари бемории саратон даргузашт.

Александр Козулин дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2 соли пеш бо президент Александр Лукашенко вориди рақобат шуд, вале баъди интихобот бо ҷурми ташкили тазоҳурот бар зидди давлат ба панҷуним соли зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG