Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ба Белград рафт


Дмитрий Медведев, муовини аввали сарвазири Русия ва номзади аслӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Русия дар интихоботи рӯзи 2 март, имрӯз барои анҷоми як дидори расмӣ вориди Белград, пойтахти Сербистон шуд.

Дмитрий Медведев дар пайи мулоқоташ бо сарвазири Сербистон Воислав Коштунитса гуфт: “Мо қарор додем, минбаъд ҳам талошҳои худ ҷиҳати бурунрафт аз ин вазъи хеле мушкили марбут ба ҳалли масъалаи Косоворо ҳамоҳанг кунем. Ин ҳамоҳангсозӣ тавассути куллия ниҳодҳои зидахл амалӣ хоҳад шуд.”

Русия аз мухолифони сарсахти истиқлолияти Косово ба шумор меояд. Тарҳи чандмиллиарддолларии эҳдоси лӯлаи газ, мавсум ба “Южний поток”, ки манобеъи гази Русияро тавассути баҳри Сиёҳ бо кишварҳои ҷануби Аврупо хоҳад пайваст, дигар мавзӯъи матрӯҳа дар ҷараёни дидор ва гуфтугӯҳои Дмитрий Медведев бо мақомоти Белград гуфта мешавад. Медведев зимнан раёсати ҳайъати мудираи “Газпром”, ширкати давлатӣ ва монополисти гази Русияро низ бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG