Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди муштариёни "Babilon" ба 700 000 расидааст


Шумори муштариёни ширкати телефонҳои ҳамроҳи "Babilon-Mobile" дар 3 моҳи гузашта 100 000 нафари дигар афзуда, акнун ба 700 000 нафар расидааст. Ба муштарии ҷашнии ширкат% як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ахиран мошини тамғаи ВАЗ-2115 ва ҳаққи 700 000 сония гуфтугӯи маҷҷонӣ тақдим шуд.

Феълан дар бозори телефонҳои ҳамроҳи Тоҷикистон 11 ширкат фаъолият дошта, ҷамъи корбарони телефонҳои мобайл дар кишвар ҳудуди 2 миллион нафар шумурда мешавад.

XS
SM
MD
LG