Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар Хоруғ


Бино ба хабарҳо, рӯзи шанбе, 23 феврал, як гурӯҳи мусаллаҳ ба шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти Бадахшон ҳамла кардааст. Хабаргузории русии "Интерфакс" менависад, 7 нафари мусаллаҳ бо мусалсал болои сохтмони шӯъбаи милиса тир кушода, милисаи навбатдорро низ латукӯб кардаанд. Навбатдори маҷрӯҳро ба бемористон бурдаанд, вале, бино ба хабарҳо, дар асари тирандозии ин гурӯҳ касе осеб надидааст.

Хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон навишт, ин гурӯҳ марбут ба фармондеҳи собиқи яке аз воҳидҳои марзбонӣ Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров будааст. Бино ба хабарҳо, ин гурӯҳ ибтидо дар назди сохтмони нирӯгоҳи Помир-1 алайҳи камбуди нирӯи барқ изҳори норизоият карда, сипас ба сӯи сохтмони шӯъбаи милисаи Хоруғ ҳаракат мекунад.

XS
SM
MD
LG