Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти нави Куба пайрави бародараш Фидел аст


Рӯзи якшанбе Раул Кастро раисҷумҳури нави Куба интихоб шуда, ҳукми 49-солаи бародараш Фидел Кастроро ба анҷом расонд. Ӯ тасмим гирифтааст роҳи рушди коммунистиро идома диҳад. Раул Кастрои 76-сола бо хурсандӣ кафкӯбии вакилони Маҷлиси қонунгузорро қабул намуд.
Дар аввалин паёмаш ба ҳайси раҳбари нави Куба Раул Кастро гуфт, ки ҳангоми арзёбии масъалаҳои муҳими давлатӣ ӯ метавонад бо бародараш Фидел Кастро машварат кунад.
"Сарфармондеҳии инқилобиКубаро якнафар бар дӯш дорад. Фидел Фидел аст. Мо медонем, ки касе ҷои ӯро гирифта наметавонад. мардум кор ӯро дар ҳоле идома хоҳанд дод, ки Фидел ҷисман ҳамроҳ бо онҳо нест."
Комунисти ашаддии муҳофизакор Хосе Рамон Мачадо Вентура ноиби аввали раисҷумҳури Куба пазируфта шуд.
Котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс аз Куба даъват кард, ки роҳи тағйири осоиштаи демократиро пеш гирад.
XS
SM
MD
LG