Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони покистонӣ сулҳ мехоҳанд


Сухангӯи Толибони покистонӣ, ки дар ҳоли набард бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар шимолу ғарби ин кишвар қарор доранд, иброз доштааст, ки ин ҷумбиши исломӣ ба музокирот бо ҳизбҳои пирӯз дар интихоботи парламентӣ ҳозир аст.
Мавлавӣ Умар аз онҳо даъват кардааст, ки сиёсатҳои президенти Парвез Мушарраф дар мавриди ҷанг бо террорро канор гузоранд. Ба гуфти Умар Толибон сулҳ мехоҳанду "ҷонибдори музокирот бо афроди интихобшуда ҳастанд." Дар интихоботи парламентии ҳафтаи гузашта ҳизби мардумии Покистон комёб шуд. Ин гурӯҳи сиёсӣ аллакай даъват кардааст, ки амалиёти низомӣ дар минтақаи қабилаҳо қисман хотима ёбад. Тахмин мешавад, ки дар он ҷо раҳбарони Толибони афғон паноҳгоҳ ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG