Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари коммунисти Кипр ҷонибдори иттиҳод аст


Омори расмии интихоботи президентии Кипр (Қибрис) аз он шаҳодат медиҳад, ки дар даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар Деметрис Христофиаси коммунист пирӯз шудааст. Ӯ 53% овозҳо ва рақибаш Иоанис Касулидис 47 % раъйҳоро касб намудаанд. Христофиас тасмим гирифтааст бо мақсади муттаҳид намудани кишвари пароканда ба зудтарин фурсат музокирот бо туркҳои шимоли Кипрро оғоз намояд. Христофиас ба мулоқот бо раҳбари туркҳои Кипр Маҳмад Алӣ Талъат мувофиқат кардааст.
XS
SM
MD
LG