Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониҳои ҳамлаи Карбало афзоиш меёбад


Бомбгузори маргталаб мусулмонони шиамазҳаби Ироқро дар роҳ ба маросими Арбаъин мавриди ҳамла қарор дода, камаш 40 нафарро ба қатл расонд.
Полис мегӯяд, бомбгузор маводи таркандаи камарбанди саршор аз гулӯлаҳои оҳаниро ҳангоми истироҳат ва чошти зоирин дар дохили як хайма фаъол намуд.
Бар асари ин ҳамла, ки дар 50 километрии ҷануби Бағдод ба вуқӯъ пайвастааст, наздик ба 50 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин яке аз ҳамлаҳои маргбортарини Ироқ дар соли равон аст. Дар байни қурбониҳо занону кӯдакон кам нестанд.
Дирӯз ҳамчунон дар ҷануби Бағдод ҷангҷӯён се мусулмони шиаро ба қатл расонданд.
Ҳар сол ҳазорҳо мусулмони шиамазҳаб барои ширкат дар маросими Арбаъин ба шаҳри Карбалои Ироқ сафар мекунанд.
XS
SM
MD
LG