Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Волии Қандаҳор аз ҳамла ҷон ба саломат бурд


Дирӯз ҳангоми ҳаракати корвони мошинҳои волии вилояти ҷанубии Қандаҳори Афғонистон Асадуллоҳ Холид бомбаи канори роҳ мунфаҷир шуд.
Ба навиштаи хабаргузории Франс пресс Холид ҷароҳат набардоштааст, вале се афсари полис ба ҳалокат расиданд. Волии Қандаҳор мехост бо пирони қабилаҳо имкони маҳви киштзорҳои афюнро баҳс кунад.
То ҳол касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале тахмин мешавад, ки ҳамларо Толибони ошӯбгар роҳандозӣ кардаанд. Ин дуюмин бомбгузории корвони Холид дар камтар аз ду ҳафтаи ахир аст.
XS
SM
MD
LG