Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 25 зойири ироқӣ дар Карбало


Имрӯз як бомбгузори маргталаб 25 нафар зойири шиъамазҳабро дар шаҳри зиёратгоҳи Карбалои Ироқ кушт. Ба гуфтаи маъмурони пулис, он маргталаб ба хаймаи зойирон ворид шуда, ба онҳо обу ғизо пешниҳод карда ва сипас бомби бо худ доштаашро тарконидааст. Пеш аз ин бомбгузории хунин дар маҳалли умдатан суннинишини Дорои Бағдод ба зойирони шиъамазҳаб бо норинҷак ва силоҳи сабук ҳамла карда ва се тани онҳоро куштанд. Айни ҳол даҳҳо ҳазор нафар аз зойирони шиъамазҳаби Ироқ ба хотири ширкат дар маросими мазҳабии Ошӯро роҳии зиёратгоҳи шаҳри Карбало ҳастанд.

XS
SM
MD
LG