Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳои ҳукумати Ироқ ба амалиёти Туркия


Ҳукумати Ироқ имрӯз гуфт, амалиёти низомии Туркия дар шимоли Ироқро ҳамла ба истиқлолияти ин кишвар намедонад. Аммо гуфт, сухангӯи ҳукумати Ироқ Алӣ Ал Даббоғ ин амалиёт “набояд минтақаро ноором кунад” . Пештар аз ин як фармондеҳи олирутбаи Ҳизби Коргарони Курдистони Туркия аз курдҳои сокини ин кишвар хостааст, то ки ба зидди амалиёти заминии артиши Туркия дар шимоли Ироқ ошӯб кунанд.

Ин даъват баъди он садо дод, ки нерӯҳои Туркия ҳамлаҳо ба зидди ҷудоихоҳони курдро тақвият бахшиданд, ки ин ҷудоихоҳон аз паноҳгоҳҳояшон дар шимоли Ироқ ба Туркия ҳамла мекунанд. Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс, ки дар Австралия қарор дорад, дигарбора аз ҳукумати Туркия хост, ин амалиётро ба зудӣ хотима диҳад. Раҳбарони вилояти Курдистони Ироқ ба давлати Туркия ҳушдор доданд, агар амалиёти Туркия ба зидди ҷудоихоҳони Ҳизби Коргарии Курдистон ба курдҳои ғайринизомии Ироқ осеб расонад, ба муқовимати шадид ва сахте рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG