Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори як фармондеҳ ба курдҳои Туркия


Як фармондеҳи олирутбаи Ҳизби Коргарони Курдистони Туркия аз курдҳои сокини ин кишвар хостааст, то ки ба зидди амалиёти заминии артиши Туркия дар шимоли Ироқ ошӯб бардоранд. Ин даъват баъди он садо дод, ки нерӯҳои Туркия ҳамлаҳо ба зидди ҷудоихоҳони курдро тақвият бахшиданд, ки ин ҷудоихоҳон аз паноҳгоҳҳояшон дар шимоли Ироқ ба Туркия ҳамла мекунанд. Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс, ки дар Австралия қарор дорад, дигарбора аз ҳукумати Туркия хост, ин амалиётро ба зудӣ хотима диҳад. Раҳбарони вилояти Курдистони Ироқ ба давлати Туркия ҳушдор доданд, агар амалиёти Туркия ба зидди ҷудоихоҳони Ҳизби Коргарии Курдистон ба курдҳои ғайринизомии Ироқ осеб расонад, ба муқовимати шадид ва сахте рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG