Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши Эрон ба пофишориҳо барои таҳримот


Давлати Эрон имрӯз гуфт, бар ҳар гуна таҳримоти нави Шӯрои Амнияти Созмони Милал вокуниши "сазовор" нишон хоҳад дод. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон Муҳаммадалӣ Ҳусайнӣ рӯзи якшанбе дар шаҳри Теҳрон ба хабарнигорон гуфт, Эрон бар асоси мӯҳтаво ва моҳияти қатънома тасмимоти худро ба мавқеъ эълом хоҳад кард. Кишварҳои ғарбӣ қасд доранд, таввасути Шӯрои Амнияти Созмони Милал бори саввум ба зидди Эрон таҳримот эъмол кунанд ва пешнависи қатъномаеро ба ин хотир таҳия кардаанд. Давлати Эрон аз талаби Созмони Милал ҷиҳати боздоштани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум сарпечӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG