Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот дар Арманистон идома кард


Имрӯз тақрибан 30 ҳазор нафар аз тарафдорони мухолифин дар шаҳри Ереван пойтахти Арманистон тазоҳурот карда, ва хостори лағви натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шуданд. Ҳамингуна тазоҳуроти мухолифон рӯзи чаҳорум аст, ки идома мекунад. Бар асоси натиҷаҳои расмӣ, дар интихоботи рӯзи сешанбе нахуствазири Арманистон Серж Саркиссиён тақрибан 53 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Аммо рақиби нокоми ӯ раиси ҷумҳури собиқи Арманистон Левон Тер Петроссиён талаб дорад, то интихобот аз нав баргузор шавад, зеро ба гуфтаи вай, тарафдорони фаъоли ӯро латукӯб кардаанд ва интихобот олуда бо таққалубкорӣ сурат гирифтааст. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯянд, интихоботи президентии Арманистон аксаран тақрибан мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шудааст.

XS
SM
MD
LG