Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико Сербистонро накӯҳиш кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, дар ҳамла ба сафораташ дар шаҳри Белград ҳукумати Сербистонро айбдор медонад. Ҳамин ҳафта тазоҳургарони бахашмомада аз истиқлолияи Косово ба сафорати Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ дар шаҳри Белград ҳамла карданд.
Кондолиза Райс - вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ҳукумати Сербистон вазифаи худ ҷиҳати ҳифзи сафорати Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигари ғарбиро иҷро накардааст. Ҳукумати Амрико ба кормандони фаннӣ ва аъзои хонаводаҳои дипломатҳояш дастур додааст, то бинобар нигарониҳои амниятӣ Сербистонро тарк кунанд. Рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни тазоҳуроти оммавӣ ба зидди истиқлоли Косово ва ба расмият шинохтани он аз тарафи кишварҳои ғарбӣ бинои сафоратхонаи Амрикоро дар Белгард оташ заданд.
XS
SM
MD
LG