Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия даҳҳо ҷудоихоҳи курдро куштааст


Артиши Туркия мегӯяд, дар ҷараёни амалиёти низомии заминӣ дар шимоли Ироқ 20 ҷудоихоҳи курдро кушта ва панҷ сарбози худро низ талаф додааст. Сарбозони Туркия рӯзи панҷшанбе бо ҳимояти ҳавойпаймоҳо ба шимоли Ироқ ворид шуданд, то ҷудоихоҳони Курдро, ки дар ин минтақа паноҳ ёфтаанд, нобуд кунанд.
Ҷудоихоҳони курд бо истифода аз паноҳгоҳҳояшон дар шимоли Ироқ ба хоки Туркия ҳамла мекунанд. Артиши Туркия гуфт, ки сарбозонаш дар кӯтоҳтарин фурсат ба ватан бармегарданд. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз Туркия хостаанд, хештандорӣ нишон бидиҳад.

XS
SM
MD
LG