Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар интихоботи Эрон 2500 нафар ширкат мекунанд


Шӯрои нигаҳбони Эрон имрӯз эълом кард, ки ба 2500 номзад иҷоза хоҳад дод, то дар интихоботи порлумонии моҳи оянда ширкат варзанд. Сухангӯи муҳимтарин ниҳоди тасмимгири Эрон Аббос Алӣ Кадхудоӣ гуфт, ду ҳазору дусад номзадро аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум кардаанд.
Шӯрои муҳофизакори нигаҳбон чанде пеш баъзе аз номзадҳои ислоҳталабро аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум кард, вале баъди эътирози сиёсатмадорони бонуфуз, аз қабили раиси ҷумҳурони собиқ Муҳаммад Хотамӣ ва Акбари Ҳошими Рафсанҷонӣ дигарбора ба онҳо иҷоза дод, то дар он корзори сиёсӣ ширкат варзанд.

XS
SM
MD
LG