Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати WFP барои кӯмак ба тоҷикон


Барномаи Озуқаи Созмони Милали Муттаҳид (WFP) рӯзи ҷумъа 22 феврал аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, барои бо маводи ғизоӣ таъмин кардани ҳазорон нафар афроди эҳтиёҷманди Тоҷикистон бештар аз 8 миллион доллар кӯмак расонад.
Златан Милисич - раҳбари намояндагии ин муассисаи имдодӣ дар Душанбе, ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, WFP қасд дорад, бо истифодаи он маблағ бештар аз 250 ҳазор мардуми фақиру мӯҳтоҷро барои се моҳ бо маводи ғизоӣ таъмин намояд. Вай мегӯяд, сармои қаҳратун, гарон шудани қиммати маводи ғизоӣ, баъзе аз қишрҳои осебпазирро нимгурусна гузоштааст ва муассисаҳои имдодӣ талош доранд, то ҳосили кишти соли оянда ба онҳо маводи ғизоӣ бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG