Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили рӯзи артиш дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон 23 феврал 15 солгарди таъсиси артиши миллии ин кишварро таҷлил карданд. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз аз дастовардҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ситоиш карда, вале ҳамзамон гуфтааст, ки риояти оинномаи артиш аз тарафи сарбозону афсарон қонеъкунанда намебошад. Бадрафторӣ бо сарбозони навхидмат, яке аз мушкилоти аслии артиши Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ба гуфтаи Додгоҳи Олӣ соли гузашта бештар аз 600 нафар бинобар риоят накардани оинномаи артиш ва сарпечӣ аз хидмат муҷозот шуданд.

XS
SM
MD
LG