Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон даъват барои таҳримоти навро рад кард


Давлати Эрон пофишории баъзе аз кишварҳои ғарбӣ барои ташдиди таҳримоти байналмилалӣ ба зидди Эронро рад карда гуфт, ҳеҷ заминаи қонуниеро барои эъмоли таҳримоти бештар намебинад. Ҷавод Ваъидӣ - муовини дабири Шӯрои Амнияти Миллии Эрон, имрӯз гуфт, ҳар гуна қатъномаи изофии Созмони Милал ба зидди Эрон "аз назари қонуниву фаннӣ" беасос хоҳад буд. Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ рӯзи ҷумъа бо нашри гузориши тозае доир ба барномаҳои атомии Эрон гуфт, ин кишвар ба тамоми суолҳои боқимонда доир ба барномаҳои баҳсбарангези атомиаш посух надода ва ҳамчунон аз талаби боздоштани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум сар печидааст. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон дар пайи сохтани силоҳи атомист ва аз Шӯрои Амният мехоҳанд, то бори саввум ба зидди ин кишвар таҳримоти байналмилалӣ эъмол кунад. Эронро то кунун ду маротиба таҳти таҳрим қарор додааст.

XS
SM
MD
LG