Пайвандҳои дастрасӣ

Фуруди бомуваффақи "Аэрофлот"


"Aeroflot Open"-2008: Фаррух Амонатов (аз чап) ва Ян Непомняший дар даври 7

"Aeroflot Open"-2008: Фаррух Амонатов (аз чап) ва Ян Непомняший дар даври 7

Мусобиқоти байнулмилалии шатранҷи «Aeroflot Open»-2008 анҷом ёфт.

Ин мусобиқоти анъанавӣ имсол аз 13-ум то 22-вуми феврал дар меҳмонхонаи машҳури шаҳри Маскав «Гама Делта» баргузор гардид. Мусобиқаи асосӣ дар гурӯҳи "А1", ки як рӯз дертар аз мусобиқаҳо дар 3 гурӯҳи дигари он поён ёфт.

Танҳо натиҷаи бозиҳои даври охирин ғолибони ин мусобиқаи бонуфузро муайян намуд. Бузургустоди 17-солаи рус Ян Непомняший (2600), ки дар чанд даври ахир пешсафии гурӯҳро дар даст дошт, тавонист дар даври охирин бозиаш бо яке аз шатранҷбозони беҳтарини мусобиқот Андрей Волокитинро мусовӣ анҷом диҳад ва бо касби 7 имтиёз аз 9 бозӣ ғолиби асосии мусобиқот гардад. Яни ҷавон ҳамчун ғолиби мусобиқа ҳамчунин бо 30 000 доллари амрикоӣ сарфароз гардонида шуд.

Александр Мотилёв (2644) аз Руссия, ки дар ҷамъбаст 6,5 хол ба даст овард, ба гирифтани ҷои дувум муваффақ гардид. Ҳамватани дигари ӯ бузургустод Алексей Дреев (2633), ки низ ҳамин қадар имтиёз ба даст овард, сазовори ҷои севум гардид. 5 нафар бузургустодон, аз ҷумла шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов (2649), 6-холӣ ба даст оварда, ҷойҳои 4 – 8-ро бо ҳам диданд. Фаррух дар даври ахир бар шатранҷбози машҳури ветномӣ Куанг Лйем Лӣ дар гашти 60-ум пирӯз гардид. Лозим ба тазаккур аст, ки бозии хеле шадиду шавқовари байни Ф. Амонатов ва ғолиби мусобиқот Я. Непомняший дар даври 7-ум мусовӣ анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки ду намояндаи дигари Тоҷикистон – устоди дараҷаи байнулмилалӣ Анвар Назаров ва шатранҷбози ҷавону умедбахш Соиб Ҷӯраев – дар гурӯҳи "В" бо 5- ва 3,5-холӣ мутобиқан дар радифҳои 42- ва 107-ум қарор гирифтанд.
Дар поён пайнавиштҳои ду бозии шатранҷбози беҳтарини Тоҷикистонро пешкаши дӯстдорони шатранҷ мекунем.
Фаррух АМОНАТОВ (TJK) – Ян НЕПОМНЯШИЙ (RUS)
1.e4 e6 2.d4 d5 3.Ac3 Af6 4.Пg5 ПП4 5.e5 h6 6.Пe3 Ae4 7.Фg4 g6 8.a3 П:c3+ 9.П:c3 A:c3 10.Пd3 Ac6 11.h4 Ae7 12.h5 g5 13.f3 c5 14.d:c5 Ac6 15.f4 d4 16.Пd2 Фd5 17.Af3 Пd7 18.0-0 g:f4 19.Фh4 Ф:c5 20.Фf6 Pg8 21.П:f4 Ad5 22.Ф:h6 0-0-0 23.Пg5 Ph8 24.Фg7 Pdg8 25.Ф:f7 ва ҳарифон ба мусовӣ розӣ шуданд.
Фаррух АМОНАТОВ (TJK) – Куанг Лйем ЛӢ (VIE)
1.e4 c5 2.Af3 d6 3.d4 c:d4 4.A:d4 Af6 5.Ac3 g6 6.Пe3 Пg7 7.f3 O-O 8.Фd2 Ac6 9.Пc4 Пd7 10.h4 Pc8 11.ПП3 Ae5 12.O-O-O h5 13.Пg5 Pc5 14.ШП1 П5 15.g4 a5 16.g:h5 a4 17.h6 Пh8 18.h7+ A:h7 19.Пd5 П4 20.Ace2 A:g5 21.h:g5 e6 22.Af4 Пg7 23.Ad:e6 П:e6 24.A:e6 f:e6 25.П:e6+ Af7 26.Фh2 Pe8 27.P:d6 Фe7 28.Пd5 Шf8 29.Pe6 Фc7 30.P:e8+ Ш:e8 31.Фd2 a3 32.Ф:П4 П:П2 33.Ph7 P:d5 34.e:d5 Фa7 35.Ph1 A:g5 36.Pe1+ Шf7 37.d6 Пf6 38.f4 Ae6 39.ФП3 Фd7 40.Фd5 Фc8 41.Шc1 Фd7 42.Шd1 Фc8 43.Pe4 Фd7 44.Pe3 Фc8 45.Pe2 Фd7 46.Pe4 Фc8 47.f5 g:f5 48.Ф:f5 Фd7 49.Фd5 Фc8 50.c4 Фd7 51.c5 Пe7 52.Фh5+ Шf6 53.Фe5+ Шf7 54.Фd5 Шf6 55.Шc2 A:c5 56.Фd4+ Шg5 57.d:e7 Фc6 58.Фe5+ Шh6 59.Ph4+ Шg6 60.e8=Ф+ 1-0.
Эзоҳ: Ш – шоҳ, Ф – фарзин, Р – рух, П – пил, А – асп.
XS
SM
MD
LG