Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА ба тарки Белград кардани оилаҳои кормандони сафораташ амр дод


Мақомоти ИМА амр доданд, ки кормандони кӯмакрасон ва аъзои хонаводаҳои кормандони сафорати Амрико дар Белград пойтахти Сербистонро тарк кунанд. Сухангӯи сафорати Амрико гуфт, тасмими мазкур ба хотири он гирифта шуд, ки мақомоти Вашингтон мутмаин нестанд, ки раҳбарияти Сербистон амнияти кормандони сафоратро таъмин хоҳанд кард. Сафорати Амрико дар Белград дирӯз аз ҷониби эътирозгарони истиқлолияти Косово оташ зада шуд. Як нафар, ки ҳанӯз ҳуввияташ маълум нест, дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG