Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои Бруссел аз Варшававу Буҳарест


Камиссиюни Аврупо Лаҳистону Руминияро ҳушдор дод, ки аз посух ба тақозои ин ниҳод дар мавриди мушаххас кардани нақши давлатҳояшон дар барномаи ИМА оид ба истирдоди зиндониён фирор мекунанд. Франко Фраттинӣ, раиси комиссиюни адлия ҳанӯз моҳи июли соли 2007 ба унвонии Варшававу Буҳарест нома фиристода аз онҳо хостааст, ки ба маълумоти ироакардаи Парлумони Аврупо ва Шӯрои Аврупо дар ин замина посухи мушаххаси ҳуқуқӣ диҳанд. Ин маълумот роҷеъ ба кӯмакҳои Лаҳистону Руминия ба Оҷонсии маркази истихбороти Амрико дар ташкили зиндонҳои махфии муттаҳамони терроризм сӯҳбат мекард. Сухангӯи Камиссиюни Аврупо рӯзи ҷумъа гуфт, ки то ҳанӯз ҳеҷ як аз ин кишварҳо дар ин масъала посухи мушаххас ва дақиқ надодааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбе Бритониё эътироф кард, ки ба барномаи Маркази истихбороти Амрико кӯмак кардааст.

XS
SM
MD
LG