Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тамдиди мӯҳлати оташбас аз ҷониби Муқтадо Садр


Раҳбари бонуфузи шиаёни Ироқ Муқтадо Садр мӯҳлати оташбаси артиши Маҳдии худро боз то шаш моҳи дигар тамдид кард. Имомҳои шиа имрӯз баъди намози ҷумъа дар саросари манотиқи ҷанубу марказии Ироқ ин тасмими Садрро ба мардум ироа карданд. Таҳаввулоти мазкур дафъатан аз ҷониби ҳукумати Ироқ ва низомиёни ИМА хуш пазируфта шуд, ки мегӯяд, умеде барои коҳиши домани хушунатҳо дар саросари Ироқ ба миён омадааст.

XS
SM
MD
LG