Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи сеюми эътирозҳои Ереван


Ҳудудан 15 ҳазор фаъоли мухолифини Арманистон дар рӯзи сеюми тазоҳуроти худ алайҳи иттиҳоми тақаллуби натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ раҳпаймоӣ карданд. Раҳбари мухолифин Левон Тер-Петросян қарор аст дар баробари эътирозгарон суханронӣ кунад. Дар интихоботи президентии ин кишвар рӯзи 19 феврал нахуствазир Серж Саркисян пирӯз шуд. Нозирони интихоботии САҲА гуфтанд, ки интихобот аксаран мутобиқи меъёрҳои демократӣ баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG