Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Яке аз кушташудаҳо шаҳрванди Чин ва дигаре навраси 14-солаи тоҷик будааст.
Бо вуҷуди он, ки ҳавосанҷони Тоҷикистон аз эҳтимоли тӯфонҳои шадид дар кишвар ҳушдор дода буданд, чунин ба назар мерасад, ки мақомоти зидахли кишвар дар робита ба огоҳсозии мардум аз эҳтимоли офати табиъӣ ва ҷилавгирӣ аз пайомадҳои нохуши он тадобири кофӣ наандешидаанд.
Меҳрона Ибодуллоҳи 14-сола дар мавзеъи Такоби ноҳияи Варзоб, 45-километрии шимоли Душанбе, қурбони тармакӯчӣ шудааст. Ҳамроҳ бо Меҳрона 4 муҳассили мактаби маҳаллӣ низ зери тарма монданд, аммо сокинони дешаи Такоб онҳоро баъди чанд соат аз зери барф зинда берун кашиданд. Ин ҳодисаро Маҳмадалӣ Бобоёров, як масъули шуъбаи умури дохилии ноҳияи Варзоб, дар суҳбат бо хабарнигори радиои «Озодӣ»таъйиди намуд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, фурӯди тарма дар ағбаи Шаҳристон, дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ҳамчунон як кушта ва 3 захмӣ бар ҷой гузоштааст. Ҳайдар Маҳмадиев, сардори ситоди вазорати дохила гуфт, феълан ҳувияти ҳалокшуда мушаххас нашудааст, аммо маълум аст, ки ӯ шаҳрванди Чин, яке аз бинокорони ширкати чиноии «China Road», будааст.
Ахиран Ожонси ҳавосанҷии Тоҷикистон аз эҳтимоли тӯфонҳои шадид дар кишвар ҳушдор дода, ҳаракат дар ҷоддаҳои кӯҳистониро бисёр хатарзо арзёбӣ карда буд. Аммо соҳибназарон ва шоҳидони ҳодисаҳои ахир мегӯянд, мақомоти зидахл дар робита ба огаҳонии мардум аз эҳтимоли офати табиъӣ ва ҷилавгирӣ аз пайомадҳои нохуши он тадобири кофӣ наандешидаанд.
Гузашта аз ин, мақомоти Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ аз ҳалокати ду нафар бар асари тармакӯчиҳои ахир изҳори бехабарӣ кард. Ба гуфтаи Нуралишо Назаров, муовини раиси кумитаи мазкур, 21-уми феврал фурӯди тарма талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст, аммо ҳаракати нақлиёт дар масири Душанбе – Хуҷандро номумкин кардааст. Оқои Назаров афзуд, ки Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ҳамроҳ бо вазорати нақлиёт ҷиҳати рафъи пайомадҳои тармакӯчӣ ва ҷилавгирӣ аз талафоти ҷонӣ тарҳи амалиёти муштаракеро таҳия ва фанноварии лозимро дар ҳоли омодабош қарор додааст.
Ёдовар мешавеем, ки бар асари фурӯди тарма ва барфрезиҳои шадид дар ду моҳи ахир дар роҳҳои бахусус кӯҳистонии Тоҷикистон садҳо нафар дар инҳисор монда ва, ба иттилоъи расмӣ, то 12 нафар кушта шудаанд.
Дар айни замон ҳаракат дар ҷоддаи Душанбе – Хуҷанд, сар аз километри 48-ум то нақби «Истиқлол» ва аз тариқи ағбаи Шаҳристон, мутаваққиф шудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG